Иммунизатсияи оммавӣ барои пешгирии бемориҳо
Бо мақсади таъмин намудани амнияти солимии аҳолии кишвар, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, аз 20 то 30 - юми ноябри соли 2023 дар саросари ҷумҳурӣ байни кӯдакони аз 15 моҳа то 5 сола, рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмоккокӣ гузаронида мешавад.
Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмоккокӣ байни кӯдакони аз 15 моҳа то 5 сола мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказ ва муассисаҳои тандурустӣ, инчунин намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин мақсади баргузории мизи мудавварро – устувор нигоҳ доштани масъунияти кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда арзёбӣ карданд. Чунки дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Сирояти пневмоккоккӣ боиси зиёдшавии бемориҳои вазнини инвазивӣ ба монанди менингит, сепсис, пневмония ва бронхит мегардад.
Гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани иммунизатсияи оммавӣ дар тамоми муассисаҳои тандурустии ҳудуди ҷумҳурӣ гурӯҳҳои экспертӣ, назоратӣ таъсис ва машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин замина ваксина ва дастурамалҳо низ дастраси марказҳои тандурустӣ гардонида шуд.
Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар баромади худ гуфт, Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои эмгузаронӣ яке аз давлатҳои намунавӣ буда, «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025»-ро тасдиқ намудааст. Гуфта шуд, ки ваксина бехатар ва самаранок буда, дар паст кардани фавти кӯдакони аз 15 моҳа то 5 сола мусоидат мекунад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро даъват мекунад, ки дар давраи Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ, ки ҳамакнун шуруъ шуд, кӯдакони аз 1-уми декабри соли 2018 то 31-уми августи соли 2022 таваллудшударо ба муассисаҳои тиббии ҷойи зисти худ бурда, онхоро бо ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ фаро гиранд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ