Корвони иттилоотии журналистон аз студияи сайёри «Телевизиони Душанбе» ва Кохи Наврӯз боздид намуданд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон боздиди Корвони рӯзноманигорони шаҳру навоҳии кишвар аз маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои шаҳри Душанберо роҳандозӣ намуд. Дар доираи ин ташаббус, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ аз студияи сайёри Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» ва Кохи Наврӯз боздид намуданд.
Боздиди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳру навоҳии кишвар аз мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо шиносоии имкониятҳои студияи сайёри Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» оғоз гардид. Студияи нави сайёри телевизионӣ аз технологияи муосири соҳавӣ таркиб ёфта, имконият дорад чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати «4К», «НD» ва «Full HD», яъне дақиқияти баланди сабт ва ба таври мустақим пахш намояд.
Маъруфҷон Оқилов директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» иттилоъ дод, ки Студияи сайёр бо 16 камераи профессионалӣ таъмин буда, 4 адади он ба тариқи фосилавӣ идора карда мешавад. Студияи сайёри телевизионӣ дорои генератори пуриқтидори барқӣ буда, имконият дорад таҷҳизоти кории студияро бо барқ таъмин намояд.
Студияи сайёри телевизионӣ аз се мошини калон иборат буда, дар онҳо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳавӣ, ки барои сабт, пахши мустақим ва ороиши барномаву намоишҳои гуногун пешбинӣ шудааст, банду баст гардидааст.
Таъмини таҷҳизоти муосири телевизион таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи телевизион буда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва пурра сохтани фазои иттилоотии кишвар мусоидат мекунад.
Дар идомаи боздиди рӯзноманигорони кишвар аз мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва дастовардҳои пойтахт, ба Кохи Наврӯз расидем. Ҳайати журналистон дар Кохи Наврӯз аз шоҳкориҳои меъморону ҳунармандони миллати тоҷик шиносоӣ пайдо намуданд. Дар толори «Дидор» ба мо иттилоъ доданд, ки Кохи Наврӯз дар муддати 6 сол бо ҷалби беш аз 4 ҳазор нафар бинокорон бунёд гардид, ки кандакориҳои он ба беш аз 40 ҳазор метри мураббаъ баробар аст. Наққошиҳои дастӣ, хатҳои беохир, моҳу ситора, оинаву зароришҳо нишони ҳунармандии ниёгони мо тоҷикон мебошад.
Маҷмааи Кохи Наврӯз дастоварди истиқлол ва намунаи корҳои ҳунармандии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Дарҳои Кохи Наврӯз аз дарахти чормағзи сурх кандакорӣ шудаву нақшу гулкории он аз ҳамдигар тафовут доранд. Боздиди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳру навоҳии кишвар аз мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чанд рӯзи дигар ҷараён мегирад.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ