image

Нахустнамоиши “Ҷашн дар вақти вабо” аз ҷониби Театри давлатии русии ба номи Владимир Маяковский

date_range28.11.2023, 10:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye478

Нахустнамоиши “Ҷашн дар вақти вабо” аз ҷониби Театри давлатии русии ба номи Владимир Маяковский ба хотири 225-солагии адиби маъруфи рус Александр Сергеевич Пушкин, ки соли оянда таҷлил карда мешавад, ба саҳна гузошта шуд. Намоишномаро саркоргардони театри номбурда Хуршед Мустафоев ба саҳна гузоштааст.

Қобили зикр аст, ки асар соли 1832 эҷод шуда, жанри он фоҷеа мебошад. Аз ин рӯ тамошибонон онро бодиққат тамошо намуданд. Асари хурд аз як саҳна иборат буда, мавзӯи он ба замоне, ки Русияро вабо фаро гирифтааст, рабт дорад.

Сужаи асар ҳамин гуна аст, ки дар давраи вабо якчанд нафар ҷашн ороста, хурсандӣ мекунанд. Дар ин раванд роҳиб назди онҳо рафта ҷамъомадагонро дар бехудоӣ ва беэҳтиромӣ ба худ айбдор месозад ва пешниҳод мекунад, ки ба хонаҳояшон бираванд. Аммо яке аз ҷамъшудагон инро рад карда, изҳор медорад, ки ҷавонон хурсандиро дӯст медоранд. Дар ҷавоб ба ин роҳиб ба ҷавонон изҳор медорад, ки ҳанӯз се ҳафта қабл ӯ дар сари гӯри модараш гиря мекард, ҳамакнун модараш аз боло истода ба фарзандаш нигариста гиря мекунад. Новобаста ба таъкидҳои барзиёд, ҷавонон ба кори худ идома дода, ҷашнашонро баргузор менамоянд.

Бояд гуфт, ки дар баробари ҳунармандони маъруфи театр дар намоишномаи мазкур ҷавонон низ ширкат намуданд, ки аз ҷониби тамошобинон ҳунару маҳорати онҳо хуб пазироӣ гардид. Ба қавли масъулин танҳо соли равон аз ҷониби кормандони Театри давлатии русии ба номи Владимир Маяковский 4-намоишнома пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки ҳамаи он аз тарафи мухлисони театр ба хубӣ истиқбол гардид.

М. Мирхолова