image

“Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем” - ҳамоиши ноҳиявии волонтёрон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range05.12.2023, 09:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye221

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон - 5 декабр ҳамоиши ноҳиявии волонтёрон таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем» доир карда шуд. Ҳамоишро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуд.

Дар ҳамоиш муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, омӯзгорон ва волонтёрони фаъоли назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.

Қайд шуд, ки ҳамасола санаи 5 декабр дар тамоми манотиқи кишвар «Рӯзи байналмилалии волонтёрон» яъне рӯзи шахсон хайрхоҳу нексиришт ҷашн гирифта мешавад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеан ҳам мардуми шарафманди тоҷикро аз азал ҳамчун мардуми хайрхоҳу меҳнатдӯст, дилсофу поквиҷдон, ростгӯву ростқавл, меҳрубону содиқ мешиносанд.

Дар воқеъ волонтёрӣ-мактаби бузурги далериву шуҷоат, тавоноӣ, ҳушёриву доноӣ ва рӯҳияи солим буда, ҷиҳати ташаккули ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон ва умумаг инсонҳо мусоидати фаъол менамояд. Чунки волонтёр танҳо шахсе шуда метавонад, ки дили гарму нияти нек, ташаббусҳои наву идеяҳои ҷолиб ва некхоҳу некбин мебошад.

Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор фаъолон ва волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлтаии ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"