image

“Рушду инкишофи варзиш мароми барномавии ҲХДТ” – Баргузории чорабинии тантанавӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

date_range07.12.2023, 13:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye294

Дар доираи таҷлили бошукӯҳи 29 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино зери унвони “Рушду инкишофи варзиш мароми барномавии ҲХДТ” чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Чорабинии навбатиро, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов доир гардид роҳбарияти ҳизби ноҳияи сухан карда, иброз намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

Ҳамзамон дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада қайд карданд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд ва ба ҷалби ҳарчи бештарин чавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад.

Бо мақсади таъмини оммавии варзиш аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат ба хусус, таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити созгор фароҳам оварда шудааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор донишҷӯёни фаъоли донишкада бахшида 29 солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"