Баргузории ҳамоиши байналмилали илмӣ-амалӣ бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти молияи ҶТ дар ДМТ
Бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 7-уми декабр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, дар факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз як қатор кумитаву сохторҳои давлатӣ зери унвони «Такмили низоми молиявию қарзӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ» ҳамоиши байналмилали илмӣ-амалӣ доир гардид.
Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идораи устувори молияи давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом-барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ ба пеш бурдани сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ ва асъории кишвар шароит фароҳам овард.
Гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ, низоми идораи молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз ҷумла, сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд.
Дар идомаи суханронӣ изҳор назар карда шуд, ки аз моҳи январи соли 2015 низоми нави иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ҷорӣ карда шудааст, ки банақшагирӣ, иҷрои Буҷети давлатӣ ва баҳисобгирии муҳосибиро дар бахши давлатӣ мукаммал намуда, барои ҷалб намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ дар раванди электронии банақшагирӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар фароварди ҷамъомати тантанавӣ дигар иштирокдорон низ аз рӯи мавзӯҳои гуногун маърӯза карданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ