image

«Иқтисодиёти кишоварзӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ» - конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи аграрӣ

date_range18.12.2023, 11:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye369

Дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур зери унвони «Иқтисодиёти кишоварӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ», конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир карда шуд.

«Иқтисодиёти кишоварзӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ», зери ин унвон бо иштироки олимон, коршиносон, муҳақиқон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар толори донишгоҳ Конференсияи илмӣ-амалии чумҳуриявӣ доир карда шуд.

Зимни ҷамъомади навбатӣ ҳозирин ба сухан баромада қайд намуданд, ки кишоварзӣ аз қадимтарин самти фаъолияти истеҳсолии одамон буда, маҳсулоти истеҳсолии он ҳамчун сарчашмаи асосии ҳаётгузаронии одамон дониста шудааст, ки ҷомеаро бо неъматхои моддӣ таъмин намудану минбаъд низ тамин хоҳад намуд.

Ҳамзамон дар идома қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Пайёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон чунин қайд намудаанд, ки «Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кушиш намоем».

Дар идома дигар иштирокдорон аз рӯи мавзӯҳои гуногун дар ин чорабинии ҷумҳуриявӣ маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"