image

Бо Шумо ифтихор дорем, муҳтарам Рустами Эмомалӣ!

date_range19.12.2023, 06:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye440

Таҳлилҳои оморӣ собит месозанд, ки Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон сол аз сол ободу зебо мегардад. Сокинону меҳмонони пойтахт ҳамарӯза шоҳиди тозакориву навгониҳо дар корҳои ободониву созандагӣ мебошанд. Дар заминаи татбиқи марҳила ба марҳилаи Нақшаи генералӣ қомат афрохтани шумораи зиёди биноҳои баландошёнаи истиқомативу маъмурӣ, меҳмонхонаву толорҳои варзишӣ, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, марказҳои фарҳангу фароғатӣ ва азнавсозии роҳу хиёбонҳо пойтахти азизи мо тадриҷан ба як шаҳри муосиру пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон табдил меёбад.

Бешубҳа, ҳамаи ин дастовардҳо самараи заҳматҳои содиқонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки аз мактаби бузурги давлатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” бо самимият ва арзи эҳтиром ба Шумо муҳтарам Рустами Эмомалӣ саломативу дарозумрӣ, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ мувафаққият таманно дорад!

Зодрӯз муборак, муҳтарам Раис, мо бо Шумо ифтихор дорем!