image

Идомаи мулоқоти муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ

date_range19.12.2023, 11:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye424

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот бо хонандагони ин муассисаи таълимӣ доир карда шуд.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо падару модарон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ доир гардид.

Вохӯрии навбатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштаркаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, инчунин доир ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Дар мулоқот намояндагони Суди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии чумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бахши кор бо занону ва оила, маориф ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.

Ҷоий таъкид аст, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ давоми нимсолаи дуюми соли 2023 дар ҳудуди маҳаллаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мулоқот намояндагони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин бахши занон ва оила, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши дин, танзимми анъана ва ҷашну маросим ва дигар сохторҳои ноҳия иштирок намуда, миёни хонандагон вобаста ба мавзуъҳои муҳимтарини мубрами рӯз маъруза намуданд. Сокинони маҳаллаҳои Телман, Заҳматобод ва Сурхоби Исмоили Сомонӣ низ дар ин рӯз аз ҷумлаи фаъолони мулоқот буданд.

Ҳамзамон, баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо наврасону хонандагон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт, низ ба нақша гирифта шудаанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"