«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда мешавад
Нашри «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас кардани он аз иқдоми наҷибу бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш ба ҳисоб меравад.
Иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати дастрас намудани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, шоҳасари тоҷикон ба ҳар як хонавода тасодуфӣ набуда, давоми мантиқии як силсила ташаббусҳо дар самти тарғибу ташвиқи илму дониш ва ҷалби мардум ба осори ҳувиятсози гузаштагон мебошад.
Алломаҳо ва нобиғаҳо натанҳо нотакроранд, ҳарчанд зодаи ин ё он миллатанд, ифтихори бани башар мебошанд. Ҳайёт ва фаъолияти эҷодии ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ диққати ҷаҳониёнро аз давраи зиндагиаш то ба имрӯз ба худ ҷалб намудааст ва ин аст, ки дар мамолики мухталифи дунё аз осори гаронбаҳояш баҳра мебардоранд.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз бузургтарин суханварону ҳамосасароёни адабиёти тоҷикӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст.
Имрӯз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума гардидааст, ки диққати таърихнависону забоншиносон ва адабиётшиносони ҷаҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст.
«Шоҳнома» ҳамосаи миллии мардумони Ориёӣ буда Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ онро дар солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст ва имрӯзҳо дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин асари безаволро эътироф менамоянд.
Содат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ