image

Фаъолияти "Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2"

date_range22.12.2023, 10:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye387

Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» аз соли 2016 ин ҷониб фаъолият дошта, дар самти таъминоти иншооти шаҳри Душанбе, махсусан ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино бо неруи барқ ва гармӣ саҳми муносиб дорад. Ҳамасола барои бе мушкилӣ сипарӣ намудани мавсими сардиҳо аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони баландихтисоси марказ чораву тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Баҳри дар фаслҳои тирамоҳу зимистони соли 2023-2024 таъмин намудани иншооти ҳудуди пойтахт бо барқу гармӣ масъулин дар дегхонаҳои буғӣ ва трансформаторҳои қудратии марказҳои барқу гармидиҳӣ таъмирҳои ҷорӣ гузаронида, ба қадри кофӣ маводи сузишворӣ, аз қабили ангишт захира намудаанд. Айни замон фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» хуб буда, тибқи нақшаи муқарраргардида ба иншооти ҳудуди пойтахт неруи барқ ва гармӣ интиқол дода истодааст.

Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» тариқи ангишт фаъолият намуда, баҳри мунтазам фаъолият намудани он аз конҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадри зарурӣ маводи сухт захира карда шудааст.

Бо мақсади дар фасли зимистон пурра таъмин намудани иншооти ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт дар 7 дегхонаи буғӣ ва 4 трансформатори қудратии Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 1» корҳои таъмирӣ бо сифат гузаронида шуда, ҳоло марказ ба пуррагӣ ва бе мушкилӣ фаъолият намуда истодааст.

Соли равон ҷиҳати омодагӣ ба зимистон дар 3 деги обгармкунии дегхонаи «Ғарбӣ» таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, маҷмуан ба масофаи зиёда аз 14 ҳазору 800 метр қубурҳои обгузаронӣ, 4 обгармкунак ва 4 насоси шабакавӣ насб гардидааст, ки ҳамаи ин дар самти бе мушкилӣ таъмин намудани иншооти баландошёнаи шаҳри Душанбе бо неруи гармӣ мусоидат менамояд.

Мутобиқи маълумот мавсими гармидиҳӣ соли ҷорӣ аз 17 – уми октябр оғоз гардида, то ин ҷониб зиёда аз 62 ҳазор киловат соат неруи гармӣ интиқол дода шудааст. Танҳо дар мавсими соли равон аз Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 1» ба зиёда аз 3 ҳазору 150 иншооти ҳудуди шаҳри Душанбе бо неруи гармӣ таъмин карда шудаанд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"