Идомаи баргузории даврии шаҳрии Озмуни «Беҳтарин китобхона» дар китобхонаҳои ҳудуди ноҳияи Сино
Дар идомаи баргузории даврии шаҳрии Озмуни «Беҳтарин китобхона» ин навбат ҳайати ҳакамони озмун бо ибтикори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе аз китобхонаҳои ҳудуди ноҳияи Сино, ки дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойи аввал гардида ба даври шаҳри роҳхат гирифта буданд дидан карданд. Гуфтан ба маврид аст, ки Озмуни «Беҳтарин китобхона» тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз соли 2022 оғоз гардида соли 3-юм аст, ки дар шавҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли 2018 баъди бо донишгоҳ табдил додани донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташкил шуда то имрӯз фаъолият карда истодааст. Акнун баъд аз ғолибият дар даври ноҳиявии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» инак дар даври шаҳри иштирок намуд, ки ҳайати ҳакамон аз ин китобхона дидан карданд. Зимни суҳбат бо ҳайати ҳакамон айён гардид, ки китобхонаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 117 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ, тахассусӣ, илмӣ, бадеӣ ва дигар дастуру барномаҳо иборат мебошад. Гуфта шуд, ки дар ин махзани илму маърифат айни ҳол китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ фаъолият менамояд. Боиси қайд аст, ки дар китобхонаи илмии донишгоҳ надик ба 5 ҳазр нафар аъзо мебошад, ки аз ин шумора 400 нафарашон устодону кормандон ва боқимондаи дигарро хонандагон-донишҷӯён аъзо мебошанд, ки ба ин нафарон 8 нафар корманд хизмат мерасонад.
Фонди умумии китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 75 ҳазор нусха адабиётҳои чопӣ, дарсӣ, таълимӣ ва электрониро ташкил медиҳад, - таъкид гардид зимни ташрифи ҳайати ҳакамони даври шаҳри Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» ба ин боргоҳи илму маърифат. Гуфта шуд, ки дар баробари китобҳои илмию бадеи инчунин дар сохтори китобхонаи илмии донишкада фаъолияти китобхонаи электронӣ бо ҷойгиршавии 12 ҳазору 500 нусха китобҳои тасвиршуда фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза донишҷӯён ба таври васеъ аз он истифода мебаранд.
Дар баробари иштироки кумитаву сохторҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар инчунин муассисаҳои таълимӣ низ иштироки фаъол намуда истодаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Сино низ яке аз иштирокдорони фаъоли Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» буд, ки аз даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтааст. Инак ҳайати ҳакамон аз ин китобхона дидан намуданд. Фонди умумии китобхонаи мазкур дорои 25 ҳазору 262 нусха китоб буда, дар он 1070 нафар аз ҳисоби устодону хонандагон аъзо мебошад. Китобхонаи ин муассисаи таълимӣ дорои 3 толори хониш буда, дар он 100 ҷои нишаст барои калонсолон ва 24 ҷойи нишаст барои хурдсолон мавҷуд мебошад. Гуфта шуд, ки дар баробари аъзо будан дар китобхонаи муассиса инчунин хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Мирсаид Миршакар ва Китобхонаи Абулқосим Лоҳутӣ аъзо мебошанд.
Дар бахши Китобхонаи беҳтарини оилавӣ яке аз иштирокчиёни озмун сокини шаҳраки 33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гавҳар Умарова мебошад. Ҳайати комиссияи даври шаҳрии озмуни Китобхонаи беҳтарин ба хонаи ин оила омада, аз рӯйи шартҳои озмун фаъолияти китобхонаи оилавиро баҳогузорӣ намуданд. Ҳоло дар махзани китобхонаи оилавии Гавҳар Умарова 3 ҳазор нусха китобҳои гуногуни илмӣ, бадеӣ, соҳавӣ мавҷуд мебошад. Маврид ба зикр аст, ки маҳз самараи фаъолияти китобхонаи оилавӣ аст, ки наберагони ин иштирокчии озмуни китобхонаи беҳтарини оилавӣ дар чандин озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ҷои ифтихорӣ гардидаанд.
Фонди умумии Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати махсуси санъати ҷумҳуриявӣ» ба номи Миратулло Атоев наздик ба 24 ҳазор китоб мебошад. Аз ин шумора 18 ҳазору 975 тояш китобҳои мусиқӣ бо забони руссӣ буда, 4 ҳазору 600 тояш бо забони тоҷикӣ мебошад. Гуфта шуд, ки дар баробари китобҳои илмию бадеӣ ва мусиқӣ инчунин дар сохтори китобхонаи ин муассисисаи таълимӣ фаъолияти 5 ҳазор китобхонаи электронӣ нусхабардорӣ шуда барои хонандагон пешкаш карда шудааст, ки ҳамарӯза таълимгирандагон аз он ба таври фарох истифода мебаранд. Дар ин рӯз аъзои ҳакамон ба фаъолияти китотобхонаҳо ва корбарии китобдорони кумитаву сохтор ва муассисаҳои таълимӣ ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баҳогузорӣ менамуданд.
Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём” чун дигар муассисаҳои таълимӣ низ дар даври ноҳиявӣ ғолиб гардида ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифт. Дар ин рӯз ҳайати ҳакамони даври шаҳрии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» аз ин муассисаи таълимиӣ дидан карданд. Боиси қайд аст, ки Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём” дорои наздик ба 10 ҳазор нусха китоб буда, аз ин шумора 1800 нусхааш бадеӣ ва 3 ҳазораш электронӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки Китобхонаҳои беҳтарине, ки нисбатан ба холҳои баланд сазовор мегарданд, ғолибони озмун дониста шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ