Бахшида ба Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе «Карнавали Наврӯзӣ» доир мешавад
Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз — 2024 тасдиқ гардид. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 январи соли 2024 ба имзо расида буд.
Тибқи ин қарор, бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ таҷлил намудани Ҷашни байналамилалии Наврӯз ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе «Карнавали наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругашти идона доир мегарданд.
Ҷашни Наврӯз соли 2009 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ворид гашт.23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мешавад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ