image

Ифтитоҳи нимпайкараи мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев дар шаҳри Душанбе

date_range21.08.2024, 15:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye127

Бо иштироки намояндагони ду кишвари дӯст аз ҷумла роҳбарони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон ва аҳли илму адаб ҷамъомади тантанавӣ ба хотири ифтитоҳи нимпайкараи мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ баргузор гардид. Зимни суханронии худ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар ёдовар шуда, иброз дошт, ки он дар заминаи ташаббусҳои созандаи сарони ду кишвар давоми солҳои охир тақвият ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Абай Кунанбоев  соли 1845 ба дунё омадааст. Номи аслии ӯ Кунанбоев  Иброҳим буда, тахаллусаш Абай аст.  Ин тахаллус қазоқӣ буда,  маънои «ботаваҷҷуҳ»-ро дорад. Абай 6 июли соли 1904 дар 59-солагӣ аз олам гузаштааст. Эҷодиёти Абай Кунанбоев  чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро асос гузоштааст. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.

Дар идома бо гирифтани парда аз рӯи нимпайкара вазирони фарҳанги ду кишвар онро расман ифтитоҳ карданд.

Ҷойи таъкид аст, ки ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Қара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои  «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ маълум аст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"