image

Ҳамоиши тантанавии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия

date_range03.11.2025, 19:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye42

31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Ба ин муносибат бо ибтикори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор шуд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, донишмандону коршиносони соҳа, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳр ва табибони пойтахт ширкат намуданд. 

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид шуд, ки Конститусия санади воло ва сарнавиштсози миллат буда, бо қабули он роҳ ба суйи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ боз шуд. Дар ин ҳуҷҷати олӣ мақсаду маром, орзуву омоли миллати тоҷик ва сохти далватдории кишвари мо дарҷ гардидааст. Ҳамин аст, ки солгарди қабули он ҳамасола дар кишвар қайд карда мешавад. 

Мавриди зикр аст, ки Конститутсия Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи қонуни олии мамлакат сабт намуда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард.

Мунаввара Мирхолова
"ТВ Душанбе"