РӮЗИ МОДАР ДАР "ТЕЛЕВИЗИОНИ ДУШАНБЕ"
Бо иштироки роҳбарият ва кормандони Телевизиони Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар ҷамъомади идона доир гардид. Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти муассиса зимни суханронии табрикотии худ нақши арзишманди занону модаронро дар ҷомеа ва инчунин саҳми назарраси бонувони муассисаро дар рушди соҳаи телевизион таъкид намуданд. Қайд гардид, ки занону бонувон дар баробари фаъолияти касбӣ, ҳамзамон ҳамчун модар ва тарбиятгари насли наврас дар ҷомеа мақоми баланд доранд ва меҳнати содиқонаи онҳо ҳамеша шоистаи қадршиносӣ мебошад.
Сипас дар фазои тантанавӣ як қатор кормандзанони фаъол ва пешсафи Телевизиони Душанбе барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар пешрафти кори телевизион бо мукофотпулиҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ин иқдом боиси хушҳолии кормандзанон гардида, нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати онҳо арзёбӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор шуд. Дар доираи он бо иштироки овозхонони маъруфи кишвар сурудҳои дилнишин дар васфи модар, меҳру муҳаббат ва зебоии зиндагӣ иҷро гардиданд, ки ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд. Барномаи консертӣ ба чорабинӣ фазои шодиву нишот бахшида, ҳозирин онро бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Чорабинии идона дар фазои идона баргузор гардида, бори дигар мақому манзалати баланди занону модаронро дар ҷомеа ва нақши онҳоро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар маънидод намуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ