image

Ташрифи адибони рус ба "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар"

date_range22.10.2022, 13:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye291

Барои дастрасии кӯдакону наврасон ба адабиёти гуногун Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар саҳми назаррас дорад.

Ҳамин аст, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолияти китобхона ва ҷалби бештари хонандагон ба он пайваста чораву тадбирҳои судманд амалӣ мегардад, боздиди намояндагони дигар кишварҳо ва ҳамкорӣ бо онҳо аз ҷумлаи чунин иқдомҳо маҳсуб меёбад.

Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо Китобхонаи давлатии умумиросиягии адабиёти хориҷа тафоҳуми ҳамкорӣ доранд. Ин тафоҳум як лоиҳаи байни китобхонаҳо буда, зери унвони «Тоҷикистон-Россия дар оинаи таърих» амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи асосии ин лоиҳа аз он иборат мебошад, ки ҳамкорӣ дар самти байни адабиёти бачагонаи тоҷик ва адабиёти бачагонаи рус тақвият ёбад.

Дар заминаи татбитқи лоиҳаи мавриди назар меҳмонон аз Федератсияи Россия ба Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар омада, бо фаъолияти он шинос шуданд. Дар ин тадбир се нафар адибони рус, ки бештар барои бачаҳо менависанд, ба ин муассисаи фарҳангии кишвари мо ташриф оварданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар меҳмонон аз раванди ҳамкории китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобхонаҳои Федератсияи Россия маълумот пайдо намуданд.

Саодат Тоирӣ