image

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур

date_range27.10.2022, 09:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye252
Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Ба хотири таҷлили сазовори ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансур чорабинӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии маърифатӣ-фароғатӣ намояндагон аз МИҲД-и н.Шоҳмансур, кормандони соҳаи маорифи ноҳия роҳбарони муассисаҳо ва хонандагон ҷашни Меҳргонро истиқбол намуданд. Нахуст дар саҳни мактаб аз ҷониби омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид, ки он фарогири анвои гуногуни маҳсулот буд. Меҳмонони чорабинии идона ва омўзгорони муассисаҳои таълимӣ аз намоишгоҳ дидан намуданд.
Дар охири чорабинӣ баъд аз баҳогузории ҳакамон ба муассисаҳои таълимие ки маҳсулоти кишоварзии худро пешниҳод намуда буданд, аз ҷониби ҳакамон баҳогузори ва дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуд. Дипломи дараҷаи 1 ба МТМУ №48, дипломи дараҷаи 2 ба МТМУ-ҳои № 21 ва 29, дипломи дараҷаи 3 ба МТМУ-и № 102 ва 109 супорида шуд. Ҳамзамон ба дигар муассаҳои фаъоли ноҳия сипосномаҳо тақдим карда шуд.