image

Идомаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

date_range30.05.2025, 09:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

Дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ аз шаҳри Москва ба шаҳри Сочӣ сафар намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Сочӣ аз маҷмааи таълимии «Сириус», ки аз биноҳои таълимии равияҳои фанҳои дақиқ, гуманитарӣ, санъати мусиқӣ ва ғайраҳо иборат мебошад, дидан намуданд.