image

МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ СЕЮМ (ШАҲРӢ)-И ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range27.02.2026, 23:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye74

Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, санаи 27 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» маросими бошукуҳи ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт баргузор гардид. 

Дар маросими ҷоизасупорӣ ғолибон аз рӯйи ҳафт номинатсия қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ғолибон ва беҳтаринҳо дар номинатсияҳои «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе», «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе», «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпӣ (типи нав) муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе», «Ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагон», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи “Spelling Bee”», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба “Шоҳмот”» ва «Ғолибони олимпиадаи даставии “Истеъдод” бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи натиҷаҳои раддабандии Кумитаи тадорукот, аз рӯйи миқдори ҷойҳои ифтихории бадастомада дар номинатсияи «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе» дастаи олимпии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо 255 ҷойи ифтихорӣ ҷойи дуюмро соҳиб шуд. 

Дар ин баробар, дар Олимпиадаи даставии “Истеъдод” байни муассисаҳои таълимии типи нави ноҳияҳои пойтахт дастаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовори мақоми аввал гардид.

Ҳамзамон, 209 нафар хонандагони синфҳои 11 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ки аз ин шумора 32 нафар ҷойи якум, 40 нафар ҷойи дуюм ва 137 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Инчунин муассисаҳои таълимие, ки дар се соли охир бо нишон додани натиҷаҳои назаррас шумораи ғолибонашон афзудааст, бо Сипосномаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.