Баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик
11 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба 114-солагии матбуоти тоҷик ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мушовири бахши калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода инчунин аҳли қалами кишвар иштирок намуданд.
Тавре роҳбарияти Вазорати фарҳанг қайд намуд: «Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, сомонаҳои иттилоотӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таблиғотӣ дар муаррифии давлат ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мегузоранд.”
Барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас дар рушду нумӯи матбуот як қатор фаъолони соҳа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Хотиррасон мекунем, ки барои хизматҳои шоиста дар рушди матбуоти тоҷик як қатор собиқадорони соња ва журналистони фаъол аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардидаанд.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор журналистон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардидаанд ва аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Асадулло Саъдуллоев, Воҳид Асрорӣ таъсис ёфтааст, ки имсол низ дар Рӯзи матуботи тоҷик ба беҳтарин намояндагони аҳли қалам тақдим шуд.
Барои фаъолияти пурсамар, иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба ифтихори “Рӯзи матбуоти тоҷик” бо «Сипоснома ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор муассисаҳои нашриявии соҳа қадрдонӣ гардиданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ