image

РАЁСАТИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ СОҲИБИ ТЕХНИКАИ НАВ ГАРДИД

date_range14.04.2026, 22:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye56

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, ҷиҳати таъмини самт ва соҳаҳои мухталифи пойтахт бо таҷҳизот ва техникаи пешрафта, имрӯз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе соҳиби Мошини оташнишонии норбондори универсалӣ аз шикратҳои муштараки “Zoomlion” ва “Volvo” гардид, ки дар Осиёи Миёна ягона мебошад.

Дарозии нақлиёт 16 метр ва дарозии норбон 90 метр мебошад, ки то баландии бинои 30 ошёна мерасад. 

Дар фазои тантанавӣ калиди нақлиёти мазкур аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмудзода Бахтиёр Шарифӣ ба роҳбарияти Раёсат супорида шуд.