Баргузории конфронси миллӣ таҳти унвони “Татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025: ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ”
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллаи Муттаҳид аз 20 декабри соли 2023, ки 12 февралро ҳамчун Рӯзи байналмилалии пешгирии ифротгароии хушунатомези ба терроризмбаранда муайян намудааст, Конфронси миллӣ таҳти унвони “Татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025: ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ” баргузор гардид.
Дар кори Конфронс намояндагони сатҳи роҳбарикунандаи зиёда аз 50 вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита ба татбиқнамоии Стратегия машғуланд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти Кумитаҳои дахлдори СММ, сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани огоҳӣ аз таҳдидҳои ифротгароии хушунатомез ва дар ин замина таҳким бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ байни ниҳодҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ маънидод карда шуд.
Конференсия аз 3 қисмат иборат буда, дар он механизмҳои байналмилалӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм; ҳамкорӣ ва дастгирии шарикони рушд дар татбиқи Стратегия; барқарорсозӣ ва офиятбахшии занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда баррасӣ гардиданд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ