image

Дар шаҳри Душанбе доир ба Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” семинар-машварат баргузор шуд

date_range25.02.2023, 18:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye216

Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” дар мамлакат таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд.

Соли равон ин озмунҳо бо тағйироту навгониҳо сурат гирифта, тибқи низомномаҳо баробари афзоиш додани маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳои дигар ба барандагони ҷойҳои ифтихорӣ ҳамзамон ба ин сабқатҳо номинатсияҳои нав ворид карда шудааст.

Дар робита ба ин бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 102-и ноҳияи Шоҳмансур семинар-машварати дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад намоянда аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, мудирони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.

Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, мақсаду ҳадафи мулоқотро ба иштирокчиён фаҳмонид. Зимнан аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал овард, ки зимни сафарбар намудани шогирдони худ ба озмунҳо моҳияту мақсади озмун ва навгониҳои онро фаҳмонида, ба камбудиву хатоӣ роҳ надиҳанд. 

Маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор ва барои доир кардани «Илм - фурӯғи маърифат» чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор сомонӣ аз фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Маблағгузорӣ барои сифатан хуб ва шаффоф тадбиқ шудани ҳадафҳои ин озмунҳо аз давраҳои қаблӣ бамаротиб зиёд аст, ки ин раванд ҳавасмандиро бештар ва рағбатро афзунтар хоҳад кард.

Қандил Мардонов 

"ТВ Душанбе"