image

Мулоқот доир ба пешгирии ифротгароӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range27.02.2023, 10:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye291

Дар баробари самтҳои дигари фаъолият дар ноҳияҳои шаҳр бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногун доир ба пешгирии амалҳои номатлуб мулоқоту вохӯриҳои судманд ташкил карда мешавад. Ин навбат доир ба ин мавзӯ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии маърифатӣ ташкил шуд.

Дар баробари чораву тадбирҳои дигар, ташкили мулоқоту вохӯриҳо низ барои пешгиии амалу кирдорҳои номатлуб, аз қабили терроризиму ифротагроӣ замина мусоидат мегузорад. Ҳамин аст, ки дар заминаи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам дар корхонаву ташкилот чунин ҳамоишҳо ташкил мегардад.

Дар мулоқоти навбатӣ роҳбарияти ноҳия ва намояндагони сохтору мақомоти марбутаи ноҳия ширкат намуданд. Тавре зимни баромади масъулин зикр шуд, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҶТ аз нигоҳи ҳуқуқӣ санаду датурсҳои зарурӣ таҳия ва қабул шудааст, ки татбиқи он барои таъмини сулҳу субот дар ҷомеа замина мегузорад.

Дар мулоқот таъкид рафт, ки мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гаравиши ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Масъулин инчунин дар суханронии худ изҳор доштанд, ки ҷавонону наврасони дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоянд, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Масъалаҳои дигари марбути ин самт аз ҷониби ҳозирин бо пешниҳоду мисолу далелҳои мушаххас мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"