image

Мулоқоти намояндагони Вазорати Корҳои Дохилии ҶТ бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ

date_range27.02.2023, 10:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонон, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва амалӣ гардонии қонуну қарорҳои дар кишвар қабулгардида мулоқоти намояндагони ВКД ҶТ миёни намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардида истодааст. Ин навбат чунин мулоқот дар толори Гимназияи №74 бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд.

Истифодаи дурусти интернет хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии амалҳои номатлуб ва қонуншиканӣ миёни ҷавонон, тарбияи дурусти онҳо дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва дигар масъалаҳо, ки ҷомеаи имрӯзро нигарон кардааст, дар вохурии намояндагони ВКД ҶТ бо фаъолон ва намояндагони сохторҳои ноҳияи Фирдавсӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Иброз гардид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони ифротгаро баҳри вайрон кардани авзои ҷомеаи мо матлабҳо чоп карда бо ин роҳ ҷавононро ба гуруҳҳои гуногун мехоҳанд ҷалб созанд. Аз ин рӯ ҳар истифодабарандаи бо нангу номусро мебояд бар зидди чунин нафарон муқобилият нишон дода, фирефтаи амалҳои бади онҳо нагарданд. Дар кишвари мо барои зисту зиндагони ва таҳсили ҷавонон шароитҳои созгор муҳайё гардидаанд ва аз онҳо бояд самаранок истифода шуд. Зикр рафт, ки кишвари мо бо истифодаи нишондоди санадҳои дахлдор барои тарбияи кӯдакону наврасон чораву тадбирҳои судмандро амалӣ менамод.

Зимнан аз ҳозирин даъват шуд, ки дар ободиву пешрафти меҳани хеш саҳм гузоранд ва нагузоранд, ки бадхоҳон оромиву осудагии ин кишвари биҳиштосоро вайрон гардонанд. Ҳамчунин ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои авбошӣ, махсусан авбошиҳои гуруҳӣ бо истифода аз силоҳи сард, ҳаракатҳои , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим сухан рафт. Дар ҷараёни мулоқот иброз гардид, ки гузаронидани суҳбату вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби сохторҳои гуногун дар ин самт бояд пурзур гардад, чунки он ба пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб замина гузошта, барои тақвияти ҳисси худшиносии навсли наврас замина мегузорад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"