image

Маъракаи ниҳолшинонӣ ва таъмири ҷории роҳҳои дохили маҳаллаҳо дар н.Шоҳмансур

date_range28.02.2023, 10:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye301

Ҳашарҳое, ки ҳамарӯза дар пойтахт гузаронида мешаванд ба хотири тозагии кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд. Дар баробари сокинону кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе масъулини МИҲД-и н.Шоҳмансур низ пайрави иқдому ташаббусҳои Раиси ш. Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз табдил додани ш. Душанбе мебошанд. Мақсади амалисозии иқдоми мазкур, саҳмгузории сокинон ва кормандони касбу кори гуногун дар сабзу хуррамгардонӣ ва гулгулшукуфоии пойтахти кишвар аст. Ҳамчунин дар доираи ин ҳадафҳои созанда айни замон бо равона гардидани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби МИҲД-и н.Шоҳмансур корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои дохили маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия амалӣ гардида истодааст.

Ҳоло таъмири ҷории роҳҳои дохилии шаҳраку маҳаллаҳо бо маром идома дорад. Ин тадбири созанда дар ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт, махсусан дар мавсими боришот мусоидати фаъол менамояд. Дар ҷараёни тахту ҳамворнамоӣ ва мумфарш кардани роҳҳо техникаҳои зарурии коммуналӣ истифода мешаванд.

Дар ин рӯз ҳамчунин дар дигар гулгашту хиёбонҳои ҳудуди ноҳия чорабиниҳои экологӣ ташкилу роҳандозӣ гардиданд. Масъулини сохторҳои гуногуни ноҳияи Шоҳмансур дар талошанд, ки баҳри ободу зебо ва мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти кишвар ба меъёрҳои сатҳи баланд саҳми арзанда гузоранд.

Таъмири роҳҳо ва инфрасохтори нақлиётии пойтахт, ободу зебо гардонидани гирду атроф талаботҳои замони имруз ба ҳисоб меравад. Бо инобати ин масъулини сохторҳои марбутаи МИҲД-и ноҳияи Шохмансур ҳам мехоҳанд дар ин самт татбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд барои рушди бахшҳои хоҷагидории ноҳия саҳм гузоранд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"