image

Машварати китобдорони муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range28.02.2023, 10:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

Китобу китобдорӣ ва фаъолияти китобхонаҳои муассисавӣ як самти муҳим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад фаъолияти масъулини ин бахш пайваста дар мади назари кормандони соҳа қарор дорад. Ҷойи таъкид аст, ки дар пеш 3 озмуни маърифатӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро интизор аст, ки барои омодасозии онҳо нақши китобхонаҳои мактабӣ назаррас аст. Аз ин рӯ машварати навбатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ширкати китобдорон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 баргузор шуд. Дар баробари масъалаҳои дигар дар ин машварат ҳамзамон фаъолияти китобхонаҳо дар бахши иҷораи китобҳо низ мавриди баҳсу барраси ширкатдорон қарор гирифт. Зеро ҳамасола аз рӯйи нақша қисми зиёди китобҳои дарсӣ ба таври иҷоравӣ ба хонандагон пешниҳод карда мешавад.

Ҷойи таъкид аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба ҷалби насли наврасон ба китобхонӣ ва ҷонок намудани фаъолияти китобхонаҳо бояд дар толорҳои хониш барои мутолиаи асарҳои бадеӣ ба хонандагон имкониятхои зарурӣ фароҳам шавад. Айни хол хонандагон барои иштирок дар даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омодагӣ дида истодаанд. Зикр шуд, ки китобдоронро зарур аст, ки шумораи китобҳои бадеиро зиёд намуда, барои хонандагон адабёти лозимаро дастрас намоянд. Дар баробари он ки воситаҳои электронӣ ахбор, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии интернет барои пайдо намудани маълумот ва дастрас намудани он торафт имкониятҳои васеъро барои муштариён фароҳам намуда истодааст, вале ҳамоно мавқеи китобу адабиёти чопӣ барои соҳибмаърифат намудани ҷавонон нақши муассир доштааст. Аз ин ҷост, ки масъулин дар таълимгоҳҳо ҳамеша ба фаъолияти китобхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва барои дастрасии китобҳои тозанашр тадбирҳои судмандро амалӣ месозанд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"