Маҳфили навбатии "Тавозун" дар мавзӯи "Механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" доир шуд
Маҳфили навбатии "Тавозун" мавзӯи "Механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро фарогир буд.
ТҶ "Хома" дар доираи лоиҳаи "Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ" маҳфили навбатии "Тавозун"-ро зери мавзӯи "Механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар ҶТ" роҳандозӣ кард.
Дар ин маҳфил санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар самти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар ҶТ, ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар самти расонидани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, тартиби таъини он тартиби маблағгузорӣ ва пардохт, банақшагирии хароҷот, баҳисобгирии гирандагони кумаки мазкур, назорати таъин ва пардохти кӯмакпулӣ, равишҳои муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.
Дар маҳфил мутахассисон аз вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Раёсати кӯмакҳои унвонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ, Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, Раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори ҶТ, ҳамчунин иқтисодшиносону коршиносон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ