image

«Нақши занони низомӣ дар таҳкими амнияти миллӣ. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар

date_range01.03.2023, 09:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар корхонаву ташкилот ва сохтору муассисаҳои гуногун оғоз гардидааст. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Шоҳмансур бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар таҳти унвони «Нақши занони низомӣ дар таҳкими амнияти миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур, намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарзанони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин занону бонувони хизматчиёни низомӣ оид ба нақши занон дар таҳкими амнияти миллӣ, хифзи арзишҳо ва муқаддасоти кишвар ибрози андеша намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти на танҳо давлват, балки кулли ҷомеа ва ҳатто хар як фарди ҷоме дар алоҳидагӣ мебошад, ки ба таъмини манфиатҳои миллӣ, ба амалисозии воқеии онҳо равона карда мешавад.

Дар идомаи кори мизи мудаввар иштирокчиён атрофии мавзӯи саҳми занон дар рушди сохторҳои низомӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд. Дар охири чорабинӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур ба иштирокчиёни мизи мудаввар тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"