image

Дар Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова Рӯзи дарҳои кушод доир гардид

date_range01.03.2023, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye346

Дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи кӯхии ба номи Сороҷон Юсупова» бо иштироки васеи хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт «Рӯзи дарҳои кушод» доир гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълими шаҳри Душанбе бо шароит ва имкониятҳои коллеҷ ошно шуданд.

Дар саҳни бинои асосии «Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсупова» дастовардҳои устодону донишҷӯён, сангҳои ороишӣ ва қиматбаҳои ватани, ки яке аз самтҳои асосии фаолияти донишҷӯёни коллеҷи мазкур коркарди он мебошад, ба намоиш гузошта шуда буд, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва гимназияву литсейҳои шаҳри Душанбе аз онҳо дидан карданд. Зимни боздиди хонандагон устодони ин муассисаи таълимӣ дастовард ва имкониятҳое, ки то ин мудат коллеҷ бадаст овардааст, муаррифи намуданд.

Ҳамзамон масъулини муассиса хонандагонро бо шарту шароит, факултетҳои муассиса, аз қабили геология ва иктишофи конҳои каданиҳои фоиданок, таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ, истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок ва дигарон шинос намуданд.

Зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки айни ҳол дар Коллеҷи кӯҳӣ ҳудуди 570 нафафар донишҷӯён аз тамоми гӯшаву канори кишвар таҳсили илм менамоянд, ки ба онҳо наздик ба 73 нафар омӯзгорони ботаҷриба дарс мегуянд.

Маврид ба зикр аст, ки Коллеҷ дорои 3-факултет, 11 кафедра, озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ, синфхонаҳои комютерии пайваст бо хати интернет, китобхонаи илмӣ, толори маҷлисгоҳ ва базаи илмиву техникӣ мебошад. Қабули довталабон бошад дар ин муассиса тариқи маркази миллии тестӣ бароҳ монда шудааст.

Раванди дарсҳо дар коллеҷ бо истифодаи техналогияи муосири таълим ба роҳ монда шуда, бо мақсади пайваст намудани илм бо истеҳсолот дарсҳои сайёр ва таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён дар як қатор корхонаҳои саноатӣ гузаронида мешавад.

Устодон дар идомаи суҳбат ҷавононро ба илмомӯзӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ, истифодаи хуби техника ва техноголияи муосир ва дар баробари забони давлатӣ донистанӣ забонҳои хориҷӣ даъват намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"