Маросими қуръакашӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” аз рӯи намудҳои футболи хурд ва шоҳмоту шашка дар пойтахт
Дар толори Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи мандатӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” миёни сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаи варзиш иштирок доштанд. Ҳамзамон дар ҷаласа намояндагони сохторҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки мусобиқаҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” аз намудҳои футболи хурд ва шоҳмоту шашка доир карда мешавад.
Дар ҷараёни ин ҷаласа гуфта шуд, ки ҳайати дастаҳо бояд иборат аз кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва идораҳо бошад. Дар ҳолати риоя нагардидани ин қоидаҳо даста аз мусобиқа маҳрум мегардад.
Сипас, маросими қуръакашӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи 32 даста ба 8 гуруҳ тақсимбандӣ гардид. Аз ҳар гуруҳе, ки иборат аз 4 даста аст, ду тои он ба марҳиллаи плейофф меравад. Маросими кушодашавии мусобиқа оид ба футболи хурд санаи 4-уми март доир хоҳад гашт.
Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ