image

Мулоқот доир ба тақвияти ҳисси худшиносии ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

date_range02.03.2023, 11:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye203

Бо мақсади пешгирии наврасону ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террристидошта ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёту маърифати онҳо аз ҷониби сохторҳои марбута пайваста мулоқоту чорабиниҳои судманд доир гардида истодааст. Чунин чорабинӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ ва Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор шуд.

Зимни ҳамоиш масъулини донишгоҳ перомуни сабабу омилҳои гаравидани ҷавонону наврасон ба равияҳои хатарзо ва қонуншиканиву ҷинояткорӣ маълумот доданд. Зикр карда шуд, ки бояд ҷавонони имрӯза новобаста дар кадом самт кору фаъолият ва таҳсили илм менамоянд бонангу номус бошанду фирефтаи суханони ноҷавонмардонаи душманони миллат нашаванд.

Маърӯзачиён қайд карданд, ки ба андешаи мо даъватҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар Паёмҳои ҳарсолаашон барои ҳар як фарди ҷомеа барномаи амал бошад, зеро имрӯз ҷаҳон ба як гирдоби пурхавф дучор гаштааст. Ин раванд аз мо зиракии сиёсиро тақозо мекунад ва ин ҳамоҳангсозии тамоми унсурҳои давлатиро барои ташаккули ҳисси ватандӯстиву ватандории ҷавонон талаб менамояд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист. Меҳри Ватан дар қалби ҷавонон аз оила маншаъ гирифта, бояд дар мактаб мустаҳкам гардад. Ҷавононро зарур аст, ки баъди хатми мактаб хизмати Ватан-Модарро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобанд. Ин нуқта зимни баромади намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъкид шуд. Мавсуф дар баромади худ ба донишҷӯён бобати шарту шароити хизмат дар артиши миллии кишвар сухан гуфта, ҷавононро ба ин мактаби мардонагӣ даъват намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"