image

Баргузории ҳамоиши идона таҳти унвони «Нақш ва ҷойгоҳи занон дар пойдории қувваҳои мусаллаҳи мамлакат»

date_range02.03.2023, 12:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye208

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва бонувони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкили ин чорабиниро ба муносибати ду сана-яъне 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Модар иқдмои нек арзёбӣ намуд. Зеро ҳоло бонувони кишвар дар сохтру мақомоти низомӣ низ фаъолияти чашмрас доранд.

Мирзозода Иброҳим зимни ҳамоиш таъкид намуд, ки воқеан ҳам тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занону бонувони кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бамаротиб боло рафт. Ҳамин аст, ки чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мақом ва ҷойгоҳи зан дар раванди сиёсии кишвар марҳила ба марҳила рушд ва густариш ёфта истодаанд.

Дар идома намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки натиҷаи чунин тадбирҳои судманд аст, ки занону бонувон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ ва дар сафҳои Артиши миллӣ софдилонаю содиқона хизмат намуда истодаанд. Ба иттилои Гулнора Салимзода намояндаи Ситоди генералии ҚМ ҶТ тайи солҳои охир дастгирӣ нисбати занон-кормандони сохтору мақомоти қувваҳои мусаллаҳ афзоиш ёфтааст.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар баромади худ манзалати зан-модарро бо шеръ васф намуд.

Дар фарҷом барои хизматҳои софдилонаву содиқона, инчунин саҳми арзанда дар нигоҳ доштани фазои сулҳу оромии кишвар бонувони фаъоли қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои идонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"