image

Чорабинии маърифатӣ дар муассисаи таҳсилоти томактабии №127 бахшида ба Рӯзи Модар

date_range03.03.2023, 14:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye228

Бале модар-шоҳсутуни хонадон ва фариштаи меҳру садоқати заминист. Ҳамин аст, ки чорабинии маърифатию фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи модар дар МТ ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 127-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони сохаи маорифи ноҳия оғоз гардид.

Гуфта мешавад, ки имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, ҳамзамон дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ нақши муҳим мегузорад. Маҳз ба хотири бузургдошти асолати модари тоҷик кӯдакони кӯдакистони рақами 127 чорабинии навбатаии маърифатиро дар муассиса ташкилу роҳандозӣ намуданд.

Зани тоҷик аз қадим то имрӯз бо тарбияи фарзандони оқилу баодоб, таъмини муҳити орому обод дар хонавода, меҳмоннавозӣ ва бисёр хислатҳои ҳамидаи худ дар ҳақиқат машҳури олам аст. Шеъру сурудҳои пешниҳоднамудаи кӯдакон васфкунандаи симои зан-модар буд. Таърих гувоҳ аст, ки зан - модари тоҷик бо рӯҳияи озоду иродаи қави, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳабату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим мавриди васфу ситоиш қарор гирифтааст. Чорабиние ки аз тарафи кӯдакони муассиса доир гардид, писанди ҳамагон шуд.