image

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ доир гардид

date_range06.03.2023, 15:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye278

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёну омӯзгорони ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз тадбирандешиҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боло бардоштани мақоми Зан - Модар дар замони Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ сурат гирифт, нақши модарон дар рушду пешрафти ҷомеа назаррас арзёбӣ гардид.

Дар оғози чорабинӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ҳозирин ва кулли бонувони ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакатро ба ифтихори Рӯзи Модар шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақом ва мартабаи зан - модар баҳои баланд дода, дар даврони Истиқлолият ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими зан, оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардид.

Таъкид гардид, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки онҳоро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.

Дар доираи чорабинии идона як қатор занону бонувони фаъол барои ҳамкориҳои судманд бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва омӯзгорони ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат бо сипосномаю ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари хислатҳои ҳамидаи зан – модар ва ватандӯстӣ буд, шукӯҳи тоза бахшишд.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе'