Кормандони «Амонатбонк» Рӯзи модарро бо ташкили Аксияи тақдими туҳфа ба модарон истиқбол гирифтанд
Кормандони БДА ҶТ «Амонатбонк» бо арҷгузорӣ ба асолати зан-модари тоҷик аксияи тақдими туҳфа ба бонувон, мизоҷони бонк аз ҳисоби занон дар даромадгоҳи ташкил намуданд, ки барои сокинону меҳмонони пойтахт ҷолиб ва ғайриинтизор буд.
Мавриди зикр аст, ки нисбат ба бузургиву асолати модар ҳамеша бо шевотарин лафз ва бурзургтарин маънӣ адибони мо сухан гуфтаанду васф намудаад. Аз ин рӯ ташкили ҳамагуна тадбиру чорабинӣ дар робита ба Рӯзи модар амри заруриву саривақтӣ аст.
Ба хотири хурсанд намудани мушатриёни худ имсол ба муносибати Рӯзи модар ин иқдоми неку шоситаро роҳандозӣ намудаанд. Амалӣ намудани тадбири мазкурро ширкатдорони он ба хушӣ қабул намуданд ва он истиқболи самимӣ ёфт.
Ҷойи таъкид аст, ки ҳоло бонувони кишвар дар ҳама бахшу соҳаҳо фаъолияти назаррас доранд ва барои рушди низоми бонкии мамлакат низ ҳамеша дар талошанд. Миёни бонувоне, ки дар иқдоми идонаи кормандони Амонатбонк фаро гирифта шуданд, мо кормандони касбу кори гуногун, омӯзгору соҳибкор, гулпарвару масъули бахши тамизкорӣ ва табибу ороишгарро мушоҳида намудем.
Гуфтан ба маврид аст, ки роҳандозии чунин тадбирҳои маърифатию ҳавасмандгардонӣ барои пос доштани эҳтироми онҳо замина мегузорад.
Иқдоми мазкур ҳамзамон барои шарикони Амонатбонк ҳам роҳандозӣ шуд. Дар ин замина масъулини сохторҳоҳои дахлдори бонк ба муносибати ин санаи неку фархунда занон-кормандони гурӯҳи расонаҳои Азия-+ ро ҳам шодбош гуфтанд.
Ҷойи таъкид аст, ки дар самти инъикоси дастоварду навгониҳои бонк ва тарғиби хизматрасониҳои он дар баробари дигар ВАО, масъулини ин расона низ саҳми мегузоранд. Ин аст, ки бо мақсади арҷу эҳтиром ба фаъолияти касбии кормандони он ва тақвияти ҳамкориҳои муштарака тадбири мавриди назар амалӣ гардид.
Ҳаминтавр иқдоми навбатии масъулини Амонатбонк ба муносибати Рӯзи Модар дар сатҳи зарурӣ ва бо фарогаирии қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҳисоби занон ташкилу баргузор шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ