Мулоқоти намояндагони МИҲД ноҳияи И.Сомонӣ бо донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 - 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати баргузор намудани мулоқоту вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳи миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия оид ба расонидани муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ироа гардида, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот доир карда шуд.
Дар баргузории мулоқоти мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ёрдамчии калони Прокурори ҳарбии горнизонии шаҳри Душанбе, Комиссари ҳарбии ноҳия,намояндагони ШВКД дар ноҳия, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар баргузории мулоқоти мазкур зиёда аз 250 нафар иштирок намуданд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо минбаъд низ дар ҳар як муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия гузаронида мешавад. Илова бар ин, ёдовар мешавем, ки миёни сокинони маҳаллаҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ то охири моҳи июни соли равон аз ҷониби мамъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳифди ҳуқуқ чунин мулоқоту вохӯриҳо доир карда мешаванд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ