Баррасии масъалаи омӯзиши имло зимни машварат дар МТМУ №13
Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт мунтазам машварату тадбирҳои омӯзишӣ ташкил карда мешавад.
Мувофиқ ба нишондоди фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр машварати омӯзишӣ барои директорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад.
Ин навбат машварати директорон дар мавзӯи «Омӯзиши тағйирот дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд.
Нахуст директорони мактабҳо аз ҷараёни машғулиятҳои омӯзишии ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дидан намуданд.
Дар машварати навбатии омӯзишӣ мавзуҳои муҳим атрофи қоидаҳои имлои забон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки донистани қоидаҳои имлои забон барои омӯзгорон ҳатмӣ буда, новобаста ба фанни дарсӣ онро бояд омӯзгорон дар фаъолияти худ истифода намоянд.
Дар оянда низ чунин тадбирҳои омӯзишиву дастурдиҳӣ дар таълимгоҳҳои ҳудуди шаҳр гузаронида мешавад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ