Истиқболи Наврӯз дар маҳаллаи Алочабофон
Имсол сокинони маҳаллаҳои Бӯстон, Қаротегин, Алочабофон ва Шодиёнаи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамбастагӣ ҷашни зебои баҳор, Наврӯзи некпайро истиқбол гирифтанд. Базмгоҳи идонаии сокинони ин қисмати шаҳр майдончаи варзишӣ интихоб гардида буд ва хурду калон дар он ширкати фаъол доштанд ва бо пешниҳоди суруду тарона шукуҳи тантанаҳои идонаро таъмин намуданд.
Омода намудани хӯрокҳои миллӣ, аз унсурҳои хоси ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба ҳисоб меравад. Бо инобати ин сокинони маҳаллаҳои болозикр низ бо омодагии қаблӣ хӯрокҳои наврӯзиву хоси баҳорро омода намуданд. Иҷро ин русум ҳамзамон барои тарғиби фарҳанги миллӣ ва омӯзонидани он ба насли ҷавон замина мегузорад.
Баъди омода намудани хӯрокҳои миллии наврӯзӣ сокинон дар базмгоҳи маҳалла ҷамъ омада, ба таври шоиста аз баҳору наврӯзи некпай истиқбол гирифтанд. Ҷашни Наврӯзро пеш аз ҳама хурдсолон бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро иди Наврӯз манбаи шодиву хурсандии онҳо аст. Кӯдакони маҳаллаҳои Бӯстон, Қаротегин, Алочабофон ва Шодиёна низ чун наврасони хушбахти дигари замони истиқлол бошодиву нишот Наврӯзро дар ҳалқаи ҳамдигар пешвоз гирифтанд.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ