image

Оғози даври шаҳрии Олимпиадаи 3-юми даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе

date_range14.03.2023, 15:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye252

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври шаҳрӣ-Олимпиадаи 3-юми даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология-(таълими меҳнат) оғоз гардид.

Дар оғоз роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ба сухан баромада мақсад ва шартҳои баргузории олимпиадаи мазкурро ба ширкатдорон фаҳмонида зикр намуд, ки инак, соли сеюм аст, ки бо иқдоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ин Олимпиада баргузор мегардад. Олимпиадаи мазкур дар се давр бо иштироки хонандагони синфҳои 5-10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида мешавад.

Муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки мусобиқаи зеҳнӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 ҷараён мегирад.

Ҳамзамон таъкид рафт, ки Олимпиадаи фанни технология бо мақсади дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии насли наврас ва ба муносибати «Соли рушди саноат» эълон гардидани солҳои 2022-2026 ташкил ва баргузор карда мешавад.

Олимпиада рӯзҳои 14-15 марти соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор гардида, дар он дастаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур дар доираи барномаи фанни технология (таълими меҳнат) тавассути санҷишҳои тестӣ, корҳои амалӣ, муаррифии лоиҳаҳои эҷодӣ ва иҷрои корҳои мустақилона байни ҳам сабқат менамоянд.

Олимпиада 16-уми март ҷамъбаст ва ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи ташкилкунандагони он қадрдонӣ карда мешаванд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"