Баргузории иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Истиқлоли давлатӣ ба соҳаи фарҳанги Тоҷикистон таъсири амиқ гузошта, ба шинохти мардуми тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои миллии аҷдодӣ ва фарҳанги бою ғании халқи тоҷик дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гардиданд, ки имрӯз бисёре аз ҳунарҳои мардумии тоҷик бо диди муосир ва табъу завқи замонавӣ рушду равнақ ёфта, мақбули дилҳои сайёҳони хориҷӣ гардида истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо муҳимияту маҳбубияти худро гум накардааст.
Мавриди зикр аст, ки бо қарори мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали либосҳои тавсияви барои духтарон ва занон дар ҶТ ба тавсиб расида бо теъдоди зиёд нашр шудааст, ки занону духтарон аз он истифода карда либоси миллии худро ба бар намоянд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардида, тамоюли пайваста касб менамояд. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, тарғибгари асосии фарҳангу тамаддуни беназири миллат, хусусан либоси миллӣ мебошанд. Президенти мамлакат дар Паёми шодбошӣ ба муносибаи Рӯзи Модар чунин таъкид намуданд: «Бовар дорам, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд».
Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби сохторҳои марбута ҳамасола чун баҳор рамзи зебоӣ ва шукуфоист, иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва вазорату идораҳо ба роҳ монда мешавад, ки ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур тарғиби либоси миллист, зеро вақте сухан аз сару либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо либоси хоссаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.
Вақте ки зан-модари тоҷик дар ин фасли зебои баҳор куртаи атласу адрас ва чакан ба бар мекунад, ба зебоии баҳор боз як ҳусни дигар зам менамояд. Аз ин рӯ бояд зани тоҷик ҳамеша мисли баҳор бошад ва доимо анъанаҳои неки миллатро пос дорад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ