image

Ҳамоиш баҳри пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ

date_range16.03.2023, 10:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

“Шинохт ва дарки хатарҳои ифротгароиву бегонапарастӣ, ки оқибати он метавонад ба пойдоиши терроризму эктремизм замина гузорад”. Таҳти чунин унвон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки роҳбарият ва сохторҳои дастгоҳи раиси ноҳия ҳамоиш доир гардид.

Зимни ҷамъомад масъулин қайд намуданд, ки бо таъсири доираҳои таасубгаро ва ифротии дохилӣ ва хориҷӣ ворид гардидани қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан, ҷавонон ва наврасон ба ҳаракату ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ авҷи нав пайдо карда, барои амнияти миллӣ, устувории пояҳои ҳокимияти конститутсони, давлатдории дунявӣ ва арзишҳои миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҷиҳати пешгирӣ ва ворид гардидани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ин созмону гурӯҳҳои мамнуъшудаи ифротию террористӣ мо бояд бетараф набошем.

Зимни баромади хеш ҳозирин қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсола ва вохӯрию мулоқотҳои худ бо аҳли ҷомеа ҷавононро нерӯи бузурги бунёдгару ободкунандаи Ватан дониста, халли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ мекунанд.

Дар идома роҳбарияти ноҳия аз масъулини сохторҳои дахлдор аз қабили имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ва панҷвақта, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо даъват ба амал оварданд, ки дар пешгирии ин амали хатарзо бетараф набуда, пайваста ҷавононро дар роҳҳӣ ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ тарбият намоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"