image

Ҷиҳати таҷлили сазвори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ доир шуд

date_range16.03.2023, 11:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye245

Бо саҳмгирии сокинони шаҳр, фаъолияти сохторҳои коммуналиву беҳдоштӣ ва тадбирҳои эҳсонкорӣ ҳамарӯза дар ҳудуди пойтахт корҳои ободонӣ бовусъат идома доранд. Тадбирҳои ободонӣ бо ташкили ҳашарҳои оммавӣ бо ҷалби васеъи кормандони касбу кори гуногун дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе чандест, ки ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо мақсади таҷлили сазвори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ зиёда аз ҳазор нафар кормандони касбу кори гуногун ва сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳам омада дар корҳои ободонӣ саҳмугзорӣ намуданд. Пас аз сафарбарнамоӣ ба минтақаҳои вобастшуда кормандони бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарияту устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии ҳудуди ноҳия ва дигар фаъолон дар корҳои ободониву бартарафсозӣ саҳм гузоштанд.

Ҷойи таъкид аст, ки ба хотири омода намудани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт баҳри таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ин рӯз аз ҷониби иштирокчиёни ин тадбири ободонӣ атрофи роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, саҳни биноҳои баландошёнаи истиқоматии ин мавзеъ, соҳили рӯд ва минтақаҳои сабзазори хиёбонро тозаву озода намуданд. Бо истифодаи воситаҳои техникаи коммуналӣ низ партовҳои ҷамъоваригардида ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.

Дар ноҳияи Сино низ ин тадбири созанда бо ҷалби кормандони соҳаҳои гуногун ва бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино роҳандозӣ гардид. Дар ин рӯз иштирокчиёни ҳашараи умумишаҳрӣ ҳудуди муассисаи давлатии Боғи фарҳангиву фароғатии «Кӯли ҷавонон»-ро аз алафҳои бегонаву худрӯй тоза намуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"