Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Нахуст устодони Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бо ширкаткунандагони озмун мулоқот доир намуда бо шарту имконият ва тағйиротҳои даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро фаҳмонида, изҳор доштанд, ки дар сурати ғолибият дар даври ҷумҳуриявӣ донишҷӯён аз тарафи роҳбарияти донишкада низ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Таъкид рафт, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.
Озмуни дохилидонишкадавӣ дар ду марҳила аз рӯи ду номинатсия (адабиёти классик ва муосир) сурат гирифт, ки дар он устодон докторантон, аспирантон ва унвонҷӯён ширкат намуданд. Дар марҳилаи дуюм аз рӯи 3 номинатсия (адабиёти ҷаҳон, адабиёти классик ва муосир, эҷодкорӣ) сурат гирифт, ки дар ин номинатсия донишҷӯён ширкат намуданд.
Бояд гуфт, ки дар озмун теъдоди зиёди донишҷӯён ширкат намуданд. Соли 2023 ба Низомномаи ин озмун як қатор тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ доир мегардад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ