Истиқболи Наврӯз дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт
Бо хурсандиву шодмонии кӯдакону наврасон ва пиру барно дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз баргузор гардид. Сокинон бо хуррамиву хушрӯзгорӣ дар раванди тантанаҳои идонаи ин ҷашни аҷдодӣ ширкат намуданд. Ҳамчун суннатҳои неки Наврӯз сокинон хони идона ороста, бо рақсу суруд онро пешвоз гирифтанд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба гузаштаи бойу рангини мардуми тоҷик, иди баҳору зебоӣ, оғози корҳои созандагиву ободкорӣ ва оғози кишту кор сокинони шаҳраки 61 ва 62 бо як ифтихори баланд ва самимияти беандоза аз Наврӯзи бостонӣ таҷлил карданд. Аз хурд то бузург дар базмгоҳи идона хушиву шодмонӣ намуданд.
Дар базми наврӯзии сокинон рақсу сурудхонии духтарони фаъоли шаҳрак бо либосҳои миллӣ бештар ҷолиб намуд, зеро ин амал бозгӯкунандаи фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик мебошад. Тантанаҳои идона бо шодмониву нишоти сокинон идома ёфт.
Суманак навъе аз хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогиву осоиштагии зиндагӣ ба шумор меравад. Бо инобати ин имсол сокинони минтақаи 12-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзи некпайро бо омода намудани суманак истиқбол гирифтанд.
Гирди деги суманак занону духтарон, пирону ҷавонон рақсу бозиву сурудхонӣ карда, ҳар яке ҳангоми кофтани дег орзу мекунанд. Чунки аз азал гузаштагони мо мегуфтанд, ки ҳангоми пӯхтани суманак агар нафаре орзуе аз дил гузаронад, ҳатман он орзуяш ҷомаи амал хоҳад пӯшид. Мардум ба он эътимод доранд, ки агар дар ҷашни Наврӯз, кас бо хандаву шухӣ ва бо қалби пурмуҳаббат рӯзашро гузаронад, онгаҳ тамоми сол ӯро хушиҳо пайгиранд. Ҳамин аст, ки сокинони ин шаҳрак ҳангоми омода намудани суманак хушиву хурсандӣ намуданд. Бо омода намудани суманак ва пешниҳоди он дар базмгоҳ наврӯзии сокинони ин қисмати шаҳр идома меёбад.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ