image

Оғози даври дохилимуассисавии озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”

date_range17.03.2023, 15:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye344

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и н.Шоҳмансур даври дохилимуассисавии озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” оғоз гардид.

Озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковату малакаи забон донӣ, дарёфту муаррифӣ ва ҳавсмандгардонии истеъдодҳои нав гузаронида мешавад. Акнун соли дуюм аст, ки тадбири маърифатӣ миёни хонандагони мактабҳои ҳудуди шаҳр гузаронида мешавад.

Бо мақсади омодагии хонандагон ба даври ноҳиявии озмун ва огоҳии бештари он аз шарту талаботи имсолаи озмун роҳбарияти муассиса тасими гиританд, ки ин тадбиро роҳандозӣ намоянд.

Ҷойи таъкид аст, ки озмун байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и ин муассисаи таълимӣ вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва англисӣ дар ду бахш-назариявӣ ва амалӣ аз рӯи шартҳои маҳорати суханварӣ (бо 3 забон), эссе (бо 3 забон), имло (имлои дурусти калима ва матн), тарҷума (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ) гузаронида шуд.

Дар даври мактабии озмуни “Забон донӣ-ҷахон донӣ” шумораи зиёди хонандагони ин муассисаи таълимӣ ширкати фаъол намуданд. Мавриди зикр аст, ки ташкили чунин озмунҳо барои тақвияти маҳорати забондонии хонандагон ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат мекунад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"