image

Омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

date_range18.03.2023, 08:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye209

Омодагиҳо ба ҷашни милливу марудмӣ-Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе оғоз гардида, корҳои ороишӣ ва насби номлавҳаҳои ҷашнӣ ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз бо маром идома доранд.

Ҳамасола дар маркази шаҳри Душанбе — майдони «Дӯстӣ», дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ рамзи баҳору Наврӯз-табақи сабзаи суманак гузошта мешуд. Имсол ин рамз дар майдони Истиқлол гузошта шуд. Табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр гузошта шудааст.

Дар паҳлӯи табақи сабзаи суманак дигар ороишоти ба ин ҷашн хос гузошта шуда, дар атрофи он дарахтони гуногуни пургул, сабадҳои гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб карда шудаанд. Навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» ба ин макон шукӯҳи дигар бахшидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирини суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Ин рамз дар асоси хулосаи донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз байни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборат буданд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Бояд тазаккур дод, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода карда мешавад. Суманак инчунин ифодаи пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар байни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост.

Истиқбол ва ҷашни Наврӯз аз суннатҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, то замони муосир арзишҳои худро гум накардааст ва мардум онро ҳамчун иди суннатӣ ва фарорасии соли нав бо шодмониву сарафрозӣ дар шаҳру деҳот бо базму тараб ҷашн мегирифтанд. Имрӯз ба туфайли Истиқлоли давлатӣ маросими наврӯзӣ зеботару бошукӯҳтар доир карда мешаванд. 

Ҷашни Наврӯз ҳамчун иди баҳор бо пешвозгирии иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол, тару тоза намудани чаманзору хиёбону кӯчаҳо, шинондани ниҳолу гулчанбарҳо, коштани сабзаҳо аз расму оинҳои беҳтарини айёми наврӯзӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.

Теҳрон Файзов