image

Истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

date_range18.03.2023, 10:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye187

Наврӯз ва оину анъанаҳои он барои ҳамаи халқҳои ориёӣ, ба истиснои баъзе аз ҷузъиёти он умумияти ягона дорад. Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ зикр мекунад, ки «аҳли Суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре дар рӯзҳои маълум ва рӯзҳои гаронмиқдоре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст».

Дар ин замина бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии бошукуҳи идона доир гашт, ки дар он роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва устодону донишҷӯёни ин даргоҳи илм иштирок намуданд.

Ифтихори мо тоҷикон боз аз он аст, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи оламафрӯз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад. Ҳоло хурду бузурги кишварамон ба Наврӯз ва суннату ойинҳои он арҷ мегузоранд, барои дар сатҳи баланд доир намудани он омодагӣ мегиранд ва ин суннати деринаро бо шодмониву нишоти хосса таҷлил мекунанд.

Аз ҷониби донишҷуёни донишгоҳ дар саҳни муассиса хони идонаи Наврӯзӣ ороста шуда, анъанаву суннатҳои хоси наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуд. Таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд.

Дар идома барномаи зебои консертӣ иборат аз суруду таронаҳои тараннумгари фасли зебои баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай пешниҳоди ҳозирин гардид.

Валиҷон Шарифзод