image

Таҷлили “Аз Наврӯз то Наврӯз” ва фаъолияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

date_range18.03.2023, 11:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye189

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз ва рӯзи таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки бо шарофати Истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи бостонӣ имрӯз дар сарзамини мо ҳамчун муҳимтарин ҷашни миллӣ ва давлатӣ таҷлил карда мешавад.

Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи хуҷаста, ҷаҳонӣ шуд, ки ин ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зимнан таъкид гардид, ки ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо нерӯи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд.

Басо рамзист, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷаста дар саросари кишварамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд.

Қандил Мардонов